Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

16 марти соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо бо донорҳо баргузор гардид

16 марти соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо бо донорҳо баргузор гардид

 Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ бо донорҳо баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентии омор, МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», намояндагони: Бонки умумиҷаҳонӣ, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, коршиноси Консортсиуми ДевСтат, Барномаи умуми озуқаворӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи кудакони СММ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, Намояндагии хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд, Агентиии ҳамкории байналмилалии ИМА, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Фонди Оғо Хон, Хазинаи байналмилалии Асъор, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсатҳои Агентии омор, гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Рушди омори миллӣ дар назди Агентии омор ширкат доштанд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа кушода, қайд намуд, ки айни замон Агентии омор лоиҳаеро, ки бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути сандуқи хайрияи ЕКАСТАТ, татбиқ намуда истодааст, дар охири моҳи июни соли равон ба охир мерасад.

Лозим ба қайд аст, ки мо ба дастовардҳои муайян ноил гардидем, аз ҷумла 13 ҳисобот бо усули электронӣ қабул ва ба серверҳое, ки Лоиҳа харидорӣ намуд, дохил мешаванд. Дар ду минтақаи таҷрибавӣ (Зафаробод ва Норак) барномаи таъминотии пешбурди электронии китоби хоҷагии хонавода насб гардид. Инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ мустаҳкам гардида, 3 таҳқиқоти интихобӣ гузаронида шуд: оид ба қувваи корӣ, истифодабарандагони об ва истифодаи намудҳои гуногуни энергия, коришиносони байналмилалӣ саҳми босазои худро дар ҷодаҳои гуногуни омор баҳри такмили методологияи баҳисобгирии оморӣ гузоштанд, методологияи байналмилалӣ мутобиқ гардида истодааст, хазинаи маълумотҳо таҳия ва сомонаи нави Агентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва ғайраҳо.
 
Ҳамзамон қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур наметавонад, ҳамаи соҳаҳои оморро фарогир боша два мутаносибан ҳамкориҳои Агентии омор бо дигар шарикон бо ин маҳдуд намешавад: бо Хазинаи нуфуси СММ, Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кудакони СММ, Агентии ИМА оид ба рушд, Барномаи рушди СММ. Шуъбаи омори СММ Агентиро дар самти таҳияи раҳнамо ва нақшаи амалиёт вобаста ба пайгирии нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор дастгирӣ намуд. 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар Сайёра барои таҳияи ҳисоботи ихтиёрӣ оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор иштироки фаъолона дорад. Дар ин росто, бо дарназардошти вазифаҳои нав дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва вазифаҳое, ки дар рафти татбиқи Лоиҳаи ЕКАСТАТ баррасӣ нагардида буданд, Агентӣ ба таҳияи стратегияи нави рушди омори барои солҳои 2018-2022 шуруъ намуд. Айни замон лоиҳаи нахустини ин ҳуҷҷат омода шудааст. 
 
Сипас Роҳбари Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер баромад намуда, зикр кард, ки бе нишондиҳандаҳои аниқи оморӣ таҳлили фаъолияти ин ё он соҳа ғайриимкон аст. Дар ин ҷода Бонки умумиҷаҳонӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро ба роҳ монда, азм дорад, ки барои дохил намудани масъалаҳои рушди низоми омор ба барномаи минбаъда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд. 
 
Рустам Зиёев – ҳамоҳангсози лоиҳаи ЭКASTAT, дар баромади худ ба таври муфассал дар бораи чорабиниҳои амалигардида дар доираи лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор (СМРО)» дар соли 2017 ҳисобот дод, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар доираи Лоиҳа зиёда аз 40 нафар мутахассисони низоми омори Агентии омор, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот сатҳи касбии худро баланд бардошта, дар хориҷи кишвар аз омузиш гузаштанд; 18 коршиноси байналмилалӣ ба Агентии омор оил ба самтҳои мухталифи омор ташриф оварданд.
 
Муовини Директори Агентӣ – Давлатзода Қиёмиддин, лоиҳаи Стратегияи милли рушди оморро барои солҳои 2018-2022 манзури иштирокчиён карда, қайд намуд:
 
Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд дохил шуд. Бо мақсади таъсиси барномаи амалиётии рушди минбаъда, Стратегияи мили рушд барои то соли 2030 таҳия гардид. СМР – 2030 ҳамчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз руи Рузномаи асри ҶҶI ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар 70-умин сессияи Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 маъқул дониста шудааст, фарогир мебошад. 
 
Дар рафти татбиқи пайдарпайи се барномаи стратегии рушди омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор бомуваффақона давраи гузарин ба низоме, ки ҳамаи стандартҳои базавии байналмилалӣ ва методологияи нишондиҳандаҳои омории ба талаботи бозори иқтисодӣ мувофиқро фаро мегирад, аз сар гузаронид. 
 
Ҳамзамон, дар роҳи рушди ҷомеа ва иқтисодиёт бо ру ба ру гардидан ба даъвати нав, талаботи нисбатан баландтар ба омори давлатӣ пешниҳод карда мешавад: аз ҷумла ба сохтор ва сифати иттилоотии омори расмӣ. Агентии омор низ дар масъалаи андозагирию пайгирии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишвар нақши муҳим мебозад.
 
Стратегияи миллии рушди омор – сеюмин нақшаи панҷсолаи стратегӣ барои солҳои 2018-2022 мебошад, ҳангоми таҳияи СМРО бо иштироки коршиносон ҷаноби Ҷозеф Оленски ва ҷаноби Миша Белкиндас аз ширкати ДевСтат, гурӯҳи кории Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо (омори идоравӣ), ҳамчунин маводҳои шарҳи татбиқи Лоиҳаи ТоҷСтат истифода гардида, ақидаҳо ва пешниҳодҳои истифодабарандагони маълумоти оморӣ баъди гузаронидани таҳқиқоти қаноатмандии истифодабарандагон ба инобат гирифта шуд.  
 
Дар баромади худ Давлатзода Қ. дар бораи равандҳои глобалӣ дар омори расмӣ, афзалиятҳои асосии стратегия, ки имконияти беҳтар намудани оморро ҳангоми татбиқи барнома имконият медиханд, қайд намуд. 
 
Илова ба ин, зикр гардид, ки аз руи ҳаҷм ва мураккабӣ беҳмато будани барнома аз зеринҳо иборат аст: барнома мавзуъҳои гуногуни соҳавиро фарогир аст; он дар худ якчанд мақомоти миллиро дар бар гирифта, кушиши таъсиси низоми нави омориро дорост, ки талаботи тағйири фарҳангро тақозо менамояд; барномаи тамоми ҷабҳаҳои навовариро сар карда аз истифодаи Технологияҳои иттилоотӣ то маҷмуи соҳавии омори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад. 
 
Агентии омор барои иҷрои чунин вазифаҳо хуб омода мебошад. Барномаи сеюмирн барномаи доманадорест, ки дар сурати таъмини захираҳо татбиқи мегардад. 
 
Коршиноси байналмилалии ширкати ДевСтат ҷаноби Миша Белкиндас дар баромади худ қайд намуд, ки барои чӣ СМРО-и нав зарур аст, хусусан: Стратегияи пешина барои солҳои 2012-2016 пешбинӣ шуда буд ва лоиҳаи татбиқи СМРО барои солҳои 2015-2018 ба анҷом расида истодааст;  сиёсати дурбинонаи нав пайдо гардиданд – Ҳадафҳои Рушди Устувор барои арзёбӣ ва мониторинги зиёда аз 200 нишондиҳанда , инқилоби маълумот зарур аст.
 
Ҳадафи умумии Стратегия иборат аст аз: Модернизатсияи равандҳои оморӣ дар ҷодаи рушд ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ ва муътамад барои мониторинги барномаи муҳимтарини ҳуқуматӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини самаранокии равандаи ташаккули оморӣ, такмили сатҳи касбияти кормандон.
 
Сипас хонум Ҳасанзода Гулнора қайд намуд, ки асри 21 асри технология ҳисобида шудааст. Лекин аз самаранок истифода намудани он сифати маълумоти оморӣ вобастагии калон дорад. Модернизатсияи ташаккули омор аз сатҳи таъминотӣ ва коршоямии техникаи компютерӣ ва барномаҳои таъминотӣ асос мегирад ва барои рушди омори дилхоҳ давлат вазифаи аввалиндараҷа ва қисмати ҷудонопазири стратегияи рушди омор мансуб меёбад. 
 
Дар бораи вазъи ҷории технологияҳои иттилоотӣ дар мақомоти омори давлатӣ ва талаботи соҳа Мирпоччоев Фурқат – сардори раёсати барномасозии МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омор баромад намуд.  
 
 
Дар охир Директори Агентии омор ба ҳамаи иштирокчиён миннатдорӣ изҳор дошта, қайд намуд, ки вохурии имруза ҷанбаҳои бисёреро равшану возеҳ намуд. Дар бораи стратегияи нав маълумот манзур гардид, вале мо бояд баҳри коркарди ниҳоии он ва пешниҳоди он ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ диҳем. 
 
Бо дарназардошти пешниҳодҳои манзургардида, Агентии омор умедвор аст, ки масъалаи ҳамроҳ намудани стратегияи мазкур ба барномаи қарзи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳо дастгирӣ карда мешавад. Мо ҳамеша ба муколамаи кушод, ки барои ҳамаи ҷонибҳо манфиат меорад, омода ҳастем.



0 комментария к “16 марти соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо бо донорҳо баргузор гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...