Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти омори шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ муваффақиятҳои назаррас орзу намуд.

Зимни суханронӣ директори Агентӣ таъкид кард, ки омори расмӣ яке аз воситаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва заминаи боэътимоди қабули қарорҳои асоснок дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди ӯ, дар шароити рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ таъмини маълумоти дақиқ, саҳеҳ, саривақтӣ ва боэътимоди оморӣ аҳаммияти хос дошта, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ нақши муҳим доранд.

Директори Агентӣ, ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ, такмили методология, истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва рақамикунонии равандҳои оморӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ҳар як корманди соҳа бояд бо ҳисси баланди масъулият, риояи принсипҳои касбӣ ва муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолият намояд.

Зимни суханронӣ инчунин аҳаммияти омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030 таъкид гардида, масъулияти мақомоти омор дар самти таъмини фарогирии пурраи аҳолӣ, саҳеҳии маълумоти ҷамъоваришаванда ва истифодаи самараноки натиҷаҳои он муҳим арзёбӣ карда шуд.

Сипас, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина ҷамъомади тантанавиро идома дода, оид ба аҳаммияти Рӯзи ҷаҳонии омор, нақши кормандони соҳа дар таъмини иттилооти боэътимод ва зарурати таҳкими масъулияти касбӣ ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ дигар иштирокчиён низ вобаста ба дастовардҳои низоми омори давлатӣ, саҳми кормандони соҳа дар таъмини шаффофияти иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати нишондиҳандаҳои оморӣ ва рушди ҳамкориҳои касбӣ суханронӣ карданд. Зимни баромадҳо нақши омори расмӣ дар арзёбии вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди он махсус таъкид гардид.

Зимни ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байналмилалии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти омори кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Агентӣ густариш ёфта, дар ин замина як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд, ки барои табодули таҷриба, мубодилаи маълумоти оморӣ, такмили методология, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аз ҷумла, байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Малайзия ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон густариш ёфта, дар ин самт низ санади дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар баробари ин, Агентии омор бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА) ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкориҳо масъалаҳои мубодилаи маълумот, гузаронидани таҳқиқоти интихобӣ, рушди иқтидори оморӣ, такмили усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, рақамикунонии равандҳои оморӣ ва истифодаи сарчашмаҳои нави маълумот мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи санадҳои баимзорасида ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар рушди низоми омори давлатӣ, баланд бардоштани сифати нишондиҳандаҳои оморӣ ва таъмини шаффофияти иттилоотӣ нақши муҳим доранд.

Ҳамчунин, ба зарурати истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмили усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, риояи талаботи методологии оморӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи низоми омори давлатӣ аз касбият, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва ҳамкории судманди кормандони соҳа вобастагии калон дорад.

Ҷамъомади тантанавӣ бо таманниёти нек ва орзуҳои муваффақиятҳои нав ба кормандони соҳаи омор ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор анҷом ёфт.




0 комментария к “ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон