Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

13 июли соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда то охири сол бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони мақомоти маҳаллии омор баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бояд мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои дар назди мақомоти омор гузошташуда, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Сипас, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 маърӯзаи муфассал ироа намуда, дастовардҳои бадастомада, масъалаҳои ҳалталаб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти оморро то охири соли ҷорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Дар ҷараёни ҷаласа сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раёсату бахшҳои мақомоти омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуда, натиҷаҳои кор ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ карданд. Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба онҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумоти оморӣ, тақвияти назорати дохилӣ ва риояи талаботи методологияи омори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид гардид, ки таъмини саривақтӣ, дақиқӣ, эътимоднокӣ ва шаффофияти маълумоти оморӣ, татбиқи васеи технологияҳои рақамӣ, такмили фаъолияти ҳисоботдиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандони мақомоти омор аз вазифаҳои асосии соҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар анҷоми ҷаласа Директори Агентӣ ба роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ҷиҳати иҷрои босифати нақшаҳои корӣ, тақвияти интизоми меҳнатӣ, беҳтар намудани сифати маълумоти оморӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентӣ то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон