23.09.25
Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 40 миллиарду 50,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,5 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 106,6 (26 млрд.973,7 млн.сомонӣ) ва 109,6 (13 млрд. 76,6 млн. сомонӣ) фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 14,1 фоизро ташкил дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 39,3 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.
Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 46,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 77,3 фоиз, вилоятҳои Хатлон 51,1 фоиз, Суғд 37,6 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50,9 фоизро ташкил медиҳад.
0 комментария к “ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МУНТАЗАМ МЕАФЗОЯД”