Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 афзоиш ёфт

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 афзоиш ёфт

Дар моҳҳои январ–июни соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои кишвар 28 миллиарду 831,3 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз афзоиш ёфт.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, ба соҳаи растанипарварӣ 18 миллиарду 267,4 миллион сомонӣ рост омада, афзоиши он 5,0 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, дар соҳаи чорвопарварӣ 10 миллиарду 563,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд мебошад. Суръати нисбатан баланди рушди чорвопарварӣ нишон медиҳад, ки ин бахш яке аз омилҳои асосии афзоиши умумии истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлили сохтори истеҳсолот аз рӯи категорияҳои хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки 52,8 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Аз ҷумла, дар ВМКБ ин нишондиҳанда 94,4 фоиз, дар вилояти Суғд 51,4 фоиз, вилояти Хатлон 51,6 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин давра ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 31,1 фоизро ташкил дода, мавқеи онҳо ҳамчун истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ ҳифз гардидааст.

Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 16,1 фоизро ташкил дод. Аз рӯи минтақаҳо ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд 22,0 фоиз, вилояти Хатлон 15,0 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,0 фоиз ва ВМКБ 2,6 фоиз мебошад.




0 комментария к “Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 афзоиш ёфт

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон