Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,5 фоиз афзоиш ёфт

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,5 фоиз афзоиш ёфт

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 11 млрд 683,9 млн сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 7,5 фоиз афзоиш ёфт.

Рушди соҳа аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот ҳам дар бахши растанипарварӣ ва ҳам чорвопарварӣ таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ ба 3 млрд 789,5 млн сомонӣ расида, 4,9 фоиз, маҳсулоти чорвопарварӣ бошад, ба 7 млрд 894,4 млн сомонӣ баробар гардида, 8,7 фоиз зиёд шудааст.

Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагиҳои аҳолӣ мавқеи асосиро нигоҳ дошта, 58,7 фоиз-и ҳаҷми умумии маҳсулотро истеҳсол намудаанд. Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 25,9 фоиз ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 15,4 фоиз-ро ташкил додааст.

Растанипарварӣ

Дар панҷ моҳи аввали соли 2026 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо:

  • 91,2 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 69,9 ҳазор тонна гандум;
  • 47,8 ҳазор тонна картошка;
  • 299,8 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 162,1 ҳазор тонна пиёз;
  • 51,1 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ;
  • 46,6 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 23,9 ҳазор тонна зардолу ва 3,2 ҳазор тонна себ истеҳсол карда шуд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 16,2 фоиз, мева 4,5 фоиз ва маҳсулоти полезӣ 2,3 фоиз афзоиш ёфт. Ҳамзамон, истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,0 фоиз, сабзавот 10,2 фоиз ва хӯроки чорво 3,7 фоиз коҳиш ёфт.

Чорвопарварӣ

То 1 июни соли 2026 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 3 млн 71,8 ҳазор сар расида, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,4 фоиз зиёд гардид. Саршумори гӯсфанду буз низ ба 8 млн 195,6 ҳазор сар расида, 11,6 фоиз афзоиш ёфт.

Аз шумораи умумии чорво 94,2 фоизи чорвои калони шохдор ва 81,8 фоизи гӯсфанду буз дар ихтиёри хоҷагиҳои аҳолӣ қарор доранд, ки нақши муҳими онҳоро дар таъмини истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нишон медиҳад.

Дар сатҳи минтақаҳо низ афзоиши саршумори чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд афзоиш 11,4 фоиз, вилояти Хатлон 8,9 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,6 фоиз-ро ташкил дод.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва саҳми назарраси ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар дар панҷ моҳи аввали соли 2026 шаҳодат медиҳанд.




0 комментария к “Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,5 фоиз афзоиш ёфт

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон