23.06.26
Душанбе, июни соли 2026. Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 27 млрд 597,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 13,4 фоиз зиёд гардидааст.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз рушди устувори бахшҳои асосии соҳа шаҳодат медиҳад. Саҳми назаррас дар ин равандро пеш аз ҳама саноати коркард гузошта, ҳаҷми истеҳсолоти он 26,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар бахши таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво афзоиши истеҳсолот 15,6 фоиз ва дар бахши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дуюмдараҷа 21,0 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Нишондиҳандаҳои мазкур аз рушди мусбати фаъолияти саноатӣ ва идома ёфтани тамоюли афзоиши истеҳсолот дар кишвар дар панҷ моҳи аввали соли 2026 шаҳодат медиҳанд.
0 комментария к “Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13,4 фоиз афзоиш ёфт”