Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАСТАНИПАРВАРӢ АФЗОИШ ЁФТААСТ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАСТАНИПАРВАРӢ АФЗОИШ ЁФТААСТ

Соҳаи растанипарварӣ яке аз соҳаҳои сермаҳсул ба ҳисоб рафта, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 26 миллиарду 973,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар, ба дигар давлатҳо ба маблағи 47 миллиону 629 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти растанипарварӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд арзёбӣ мегардад.

Дар моҳҳои январ – августи соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат 970 ҳазору 511 тонна ғалладонагиҳо (аз ҷумла гандум 706564 тонна), 37867 тонна пахта, 561749 тонна картошка, 1745030 тонна сабзавот (аз ҷумла пиёз 500151 тонна), 773397 тонна полизӣ, 489807 тонна мевагиҳо (аз ҷумла 88683 тонна себ ва 268842 тонна зардолу), ангур 120556 тонна ва хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 1203634 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли пахта 8,8 баробар, картошка 6,5 фоиз, полизӣ 21,1 фоиз, мевагиҳо 23,1 фоиз, ангур 1,7 баробар ва зироатҳои хӯроки чорво 7,3 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли ғалладонагиҳо 6,4 фоиз ва сабзавот 4,9 фоиз, аз он ҷумла пиёз 27,3 фоиз кам шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1 сентябри соли 2025-ум 261 ҳазору 756 гектар зироати ғалладона ва лубиёӣ (бе ҷуворимакка) ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 261 ҳазору 904 гектар кӯфта шуда, 680 ҳазору 51 тонна ғалла (бе ҷуворимакка) истеҳсол гардид, ки ҳосилнокии ҳар гектар 26,0 сентнериро ташкил намудааст. Аз масоҳати 18209 гектар замин 383 ҳазору 789 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 210,8 сентнериро ташкил додааст; аз масоҳати 29340 гектар замин 923 ҳазору 31 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 314,6 сентнериро

ташкил медиҳад. Ҳамзамон аз масоҳати 17570 гектар замин 670 ҳазору 794 тонна зироати полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 381,8 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин давра 348 ҳазору 844 тонна мева (аз ин 72 ҳазору 373 тонна ангур) ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад.




0 комментария к “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАСТАНИПАРВАРӢ АФЗОИШ ЁФТААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон