02.10.25
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентии омор қаблан вобаста ба самтҳои асосии ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва ҳамкорӣ дар самти омори тандурустӣ, махсусан хароҷотҳои ба саломатӣ равонагардидаи аҳолӣ, аз рӯи таҳқиқоти буҷаи хонаводаҳо, ҳамзамон оиди ҳамкорӣ ва ҳамгироии Агентии омор бо вазорату идораҳо, махсусан дар самти омори тандурустӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ибрози назар намуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи гузаронидани Таҳқиқоти васеи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ (WHS+), ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявию техникии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ба нақша гирифтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, ки маълумоти аз ин таҳқиқот бадастомада заминаи боэътимод барои таҳияи сиёсати самараноки давлатӣ, банақшагирӣ, қабули қарорҳои асоснок ва таҳияи стратегияҳои миллии рушди соҳаи тандурустиро фароҳам меорад. Натиҷаҳои таҳқиқот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд барои таҳияи барномаҳое, ки ба ниёзҳои воқеии аҳолӣ, бахусус табақаҳои осебпазир равона шудаанд, мусоидат менамояд.
Таҳқиқоти мазкур дар баробари таҳкими заминаҳои иттилоотӣ барои баҳогузории иҷрои ҳадафҳои миллии солимии аҳолӣ, инчунин мониторинги ҷараёни татбиқи санадҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва инчунин баҳодиҳии амалишавии индикаторҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нақши муассир хоҳад дошт.
Роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски бори дигар доир ба муҳимияти амалисозии нақшаҳои дар пешистода суханронӣ намуда, махсусан қайд намуд, ки дастрасӣ ба маълумоти васеи оморӣ хело муҳим мебошад ва омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар ин самт изҳор намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории тарафайн дар самти ҷамъоварии маълумоти омори тандурустӣ дар доираи методология ва стандартҳои байналмилалӣ қарор карданд.
0 комментария к “ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН”