25.08.25
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ- июли соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 40 миллиарду 012,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 12,5 фоиз зиёд шудааст.
Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 10,7 фоиз зиёд арзёбӣ мегардад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 33,5 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба маблағи 14,6 миллиард сомонӣ мол фурӯхта шудааст, ки 43,6 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ чорвои зинда, 1,1 миллиард сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 6,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 7,8 миллиард сомони дигар молҳо фурӯхта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар давраи зикршуда гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 3918,3 сомонӣ рост меояд.
Тибқи таҳлили оморӣ таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо дар ин давра ба вилояти Суғд (29,3 фоиз) ва шаҳри Душанбе (30,0 фоиз) рост омадааст.
Таносуби молгардиши бахши ғайридавлатӣ бошад, дар ин давра 99,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кардааст.
0 комментария к “ВАЗЪИ СОҲАИ САВДО ДАР КИШВАР НАЗАРРАС АРЗЁБӢ МЕГАРДАД”