07.05.25
Кормандони Раёсати омори шаҳри Ҳисор ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтарсозии низоми омори миллӣ тамоми саъю талош ва донишу маҳорати касбии худро равона менамоянд.
– Фаъолияти босамар ва натиҷабахши ниҳодҳои маҳаллии омор дар рушди низоми соҳа нақши бузург дорад. Нахуст оиди фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба таври мухтасар маълумот медодед…
– Кормандони Раёсати Агентии омор дар шаҳри Ҳисор чун дигар мақомоти маҳаллии омор ҷиҳати саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳисоботҳои оморӣ ва таъмини саҳеҳияти маълумотҳо фаъолияти самарабахшро роҳандозӣ намуда, пайваста талош менамоянд, ки бо дарки баланди масъулияти хизматӣ дар рушду ташаккули низоми омори давлатӣ ҳиссагузор бошанд.
Дар давраи сипаришуда Раёсат чун ҳарвақта фаъолияти худро дар асоси Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори далватӣ” дастуру фармоишҳои роҳбарияти Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба роҳ мондааст.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба унвонии Раёсат 32 адад мактуб аз Дастгоҳи марказии Агентии омор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ташкилоту муассисаҳо ворид гардиданд, ки саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
– Раванди ҷамъоварии ҳисоботҳо ва кор бо ҳисоботсупорандагон дар кадом вазъ аст? Оё дар ин самт мушкилӣ вуҷуд дорад?
Албатта кор бе мушкиливу камбудӣ намешавад. Мо ҷиҳати дурусту бехато ва дар муҳлатҳои муайянгардида пешниҳод намудани ҳисоботҳо пайваста бо ҳисоботсупорандагон бо баргузор намудани вохӯриҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонем. Дар ин давра, яъне давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ Раёсат аз 5008 корхонаву хоҷагиҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҳисоботҳои омориро ба тариқи электронӣ ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст намуда, барои коркарду таҳлил ба Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор пешниҳод намуд, ки аз иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.
– Гузариш ба низоми электронии ҳисоботҳо қадами устуворест дар ташаккули омори миллӣ. Ба назари Шумо роҳандозии низоми макзур ба ҳисоботсупорандагон чӣ имкониятҳоро фароҳам овард?
Аввалан мехоҳам иброз намоям, ки таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла бахши омори давлатӣ ба рушди маҷмӯи соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири амиқ мегузорад. Роҳандозии низоми макзур ба ҳисоботсупорандагон имконият фароҳам овард, ки дар доираи дастурамали шаклҳои ҳисоботӣ бо ворид шудан ба утоқи шахсӣ, дархости электрониро хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба мақомоти омор ҳисобот манзур намоянд. Аз тарафи дигар, татбиқи электроникунонии шаклҳои ҳисоботӣ монеаҳои муносибати байни мақомот ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи дақиқияту эътимоднокиро баланд мебардорад. Тавре дар боло зикр намудам, мо барои ошноӣ пайдо намудан аз сатҳи пешниҳоди электронии ҳисобот тариқи утоқи шахсии ҳисоботсупоранда ва назари шахсони ҳисоботсупор бо онҳо суҳбатҳо анҷом медиҳед. Албатта ҳисоботсупорандагон аз электронӣ шудани ҳисоботҳои оморӣ истиқбол менамоянд.
Дар заминаи гузариш ба низоми электронӣ аз ҷониби Раёсат чӣ иқдомҳо роҳандозӣ карда шуданд? Махсусан дар семоҳаи якуми соли 2025?
Дар давраи сипаришуда аз рӯи 56 шакли ҳисоботи оморӣ тариқи утоқи шахсӣ субъектҳои ҳисоботсупор ба тариқи электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд, ки аз ин 16 шакли ҳисоботӣ – моҳона, 13 шакл – ҳисоботи семоҳа ва 27 шакл – ҳисоботҳои солонаро дарбар гирифта, аз руи соҳаҳо бошад, 5 шакли ҳисобот оид ба омори меҳнат ва ҳаракати қувваи корӣ, 8 шакли ҳисобот оид ба омори саноат, 3 шакли ҳисобот оид ба омори сохтмон, 6 шакли ҳисоботӣ оид ба омори савдо, 3 шакли оид ба хизматрасонӣ, 6 шакл оид ба оморӣ таъминот ва робитаҳои хориҷӣ, 2 шакли ҳисобот оид ба оморӣ нақлиёт, 4 шакли ҳисобот оид ба оморӣ фаъолияти иқтисодӣ, 6 шакл оид ба омори молия, 3 шакл оид ба омори иҷтимоӣ ва 7 шакли ҳисоботии дигар ба соҳаи оморӣ кишоварзӣ таалуқ доранд.
– Ҳисор аз шаҳрҳои бузурги саноативу кишоварзии мамлакат маҳсуб меёбад. Метавонед доир ба вазъи соҳаҳои саноат ва кишоварзии шаҳр аз натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ маълумот диҳед?
Бале, тибқи маълумоти оморӣ натиҷаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар ин давра назаррас арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр ба 62 миллиону 270,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра дар шаҳр 5 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, 36 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
– Доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ арқом чӣ мегӯянд?
Дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор давра ба давра рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 117 миллиону 456 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 625 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш ба 104,1 фоиз баробар шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1,3 миллион сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,4 фоизро ташкил додааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ бошад, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 116 миллиону 110 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоизро ташкил намуд.
– Ба истиқболи Ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ омодагиҳо дар шаҳри Ҳисор дар кадом сатҳ қарор дорад?
Дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор тибқи нақшаи чорабиниҳо сохта ба истифода додани 1809 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ин давра 893 адад иншоот расман ба истифода дода шуда, 49,4 фоизро ташкил медиҳад.
– Ташаккур барои суҳбати самимӣ!
0 комментария к “ИБРОҲИМ ЮЛДОШЕВ : Ҳисоботсупорандагон аз электронӣ шудани ҳисоботҳои оморӣ истиқбол менамоянд”