20.07.26
20 июли соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2026, вазифаҳои минбаъдаи соҳа, инчунин нишондиҳандаҳои асосии вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2026, ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳа ва нақшаву вазифаҳои минбаъда ҳисоботи муфассал ироа намуд.

Дар идомаи нишаст рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои гуногуни соҳаи омор саволҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, доир ба:
– сохтор ва ҳаҷми молҳои асосии содиротӣ ва воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– истифодаи технологияҳои муосир ва навгониҳои рақамӣ дар низоми омори расмӣ;
– нишондиҳандаҳои омори муҳоҷират;
– дарозумрии аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои демографӣ;
– сатҳи камбизоатӣ;
– омодагӣ ба баргузории барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил;
– шумораи занону мардон ва сохтори аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– нишондиҳандаҳои омори кишоварзӣ ва рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ;
– шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдои хориҷӣ.
Ба ҳамаи саволҳои пешниҳоднамудаи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти мақомоти омор ва нишондиҳандаҳои расмии оморӣ марбут буданд, аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои муфассал ва мушаххас пешниҳод гардиданд.
0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР НАМУД”