22.03.26
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона дар фазои гарму самимӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин кормандони Муассисаи давлатии Маркази кулли ҳисоббарорӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамоиш бо рӯҳияи ҳамдилӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз фарҳанги бойи тоҷикона ҷараён гирифт.

Дар саҳни идона дастархони зебои ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, рамзҳои наврӯзӣ фазоро боз ҳам рангин гардониданд. Ҳамзамон, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуда, намунаҳои нодири ҳунарҳои анъанавии миллӣ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Назарзода Зарина, муовини Директори Агентии омор зимни ироаи сухани табрикотии Директори Агентӣ иброз дошт, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз, муаррифии миллати тоҷик ва анъанаҳои неки ниёгонамон ба ҷаҳониён воқеан шоистаи таҳсин аст.

Гуфта шуд, ки Дастури муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон барои бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда воқеан нишони барҷастаи фарҳангпарвару миллатдӯст будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст!

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида намуд.
Чорабинии наврӯзӣ дар фазои шоду нишот ҷамъбаст гардида, бори дигар эҳтироми кормандонро ба суннату анъанаҳои миллӣ нишон дод.

0 комментария к “ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТИИ ОМОР”