Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР СЕМИНАРИ НИҲОИИ ЛОИҲАИ МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР СЕМИНАРИ НИҲОИИ ЛОИҲАИ МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe”-и шаҳри Душанбе семинари ниҳоии лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити муассир барои раванди Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асматбекзода ва Хуршед Қосимзода иштирок намуданд.

Дар доираи семинар намояндагони Агентии омор оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар самти ташаккул ва такмили низоми ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он маълумот пешниҳод карданд.

Зикр гардид, ки шакли байниидоравии омории № 1-ИК «Тағйирёбии иқлим» таҳия ва тасдиқ гардида, ба Барномаи корҳои оморӣ ворид шудааст. Шакли мазкур 135 нишондиҳандаро фаро гирифта, ҷамъоварии маълумотро аз рӯйи шаш самти асосӣ, аз ҷумла энергетика, саноат ва сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва захираҳои об таъмин менамояд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён ҳафт бастаи маҳсулоти иттилоотию таҳлилӣ, портали рақамии ворид намудани маълумот ва панели мониторинг муаррифӣ гардиданд. Ин воситаҳо ба беҳтар намудани сифати маълумоти оморӣ, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд.

Иштироки намояндагони Агентии омор дар семинар барои муаррифии натиҷаҳои бадастомада ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим замина фароҳам овард.




0 комментария к “ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР СЕМИНАРИ НИҲОИИ ЛОИҲАИ МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон