26.02.26
Дар соли 2025 дар миқёси мамлакат 194 ширкати сайёҳӣ бақайдгирифташуда фаъолият намудаанд.
Дар ин давра 225 меҳмонхона (бо дарназардошти шахсони воқеӣ), 9 меҳмонхонаи 5- ситорадор, 27 меҳмонхонаи 4 – ситорадор, 17 меҳмонхонаи 3 – ситорадор, 6 меҳмонхонаи 2 – ситорадор, 9 меҳмонхонаи 1 – ситорадор ва 157 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 63 адад хостел ва мотел, 56 адад осоишгоҳ, 4 адад осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 6 адад маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 1 адад пансионату кемпинг ва 4 адад базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд.
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 4299 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра зиёда аз 798 миллион сомониро ташкил додааст.
0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН 194 ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ФАЪОЛИЯТ НАМУДААНД”