23.07.25
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 29 миллиарду 617,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24 фоиз афзудааст.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 5,0 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,9 фоиз ба амал омадааст.
Соҳаи саноати истихроҷи Тоҷикистон бо дарназардошти омилҳои гуногун, аз ҷумла омили географӣ маҳаки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар атрофи он ҳалқаҳои навини истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва ин бахши мазкур дар сохтори иқтисодиёт ва саноат аз ҳама муҳимтарин ба шумор меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ, яъне моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 9 миллиарду 923,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 баробар афзудааст.
Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 10,7 фоиз, нафти хом ва гази табиӣ 2,0 баробар, маъданҳои филизӣ – 1,7 баробар, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 1,5 баробар мушоҳида мегардад.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 13 миллиарду 910,3 миллион сомонӣ расида, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 4,8 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 1,3 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 336,7 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 25,5 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 235,4 миллион сомонӣ, ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 1,9 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 4,5 миллиард сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 5,0 фоиз зиёд арзёбӣ шудааст.
Дар давраи зикршуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 8,0 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ – 26,5 фоиз, маҳсулоти макарон – 17,7 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ – 41,8 фоиз, ва гӯшти мурғ – 19,8 фоиз ба вуҷуд омадааст.
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 5,6 миллиард сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 113,2 фоиз баробар шуд.
Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар ин давра 171,1 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми маҳсулоти боркардабаровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ –июни соли 2025 якҷо бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 28,7 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2849,44 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ 3849 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3323 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1272 адад (33,0 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 873 адад (22,7 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 824 адад (21,5 фоиз) – ба ш. Душанбе, 697 адад (18,1 фоиз) – ба НТҶ ва 183 адад (4,7 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.
0 комментария к “СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 124,0 ДАРСАД РАСИД”