21.08.25
Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст.
Ин аст, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 34 миллиарду 894,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24,5 фоиз афзудааст.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6,0 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 12,7 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,2 фоиз ба амал омадааст.
Дар давраи ҳисоботӣ, яъне моҳҳои январ – июли соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 11,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 баробар зиёд аст.
Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 5,6 фоиз, нафти хом ва гази табиӣ 2,0 баробар, маъданҳои филизӣ – 1,7 баробар, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 42,2 фоиз мушоҳида мегардад.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 16,2 миллиард сомонӣ расида, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 5,5 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 1,5 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 393,5 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 27,0 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 303,3 миллион сомонӣ, ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2,2 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 5,3 миллиард сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 6,0 фоиз зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ– сентябри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 9,4 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ 33,9 фоиз, макарон – 19,0 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ – 12,2 фоиз, ва гӯшти мурғ – 20,0 фоиз ба вуҷуд омадааст.
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар 7 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 6,6 миллиард сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 112,7 фоиз баробар шуд.
Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар давраи мазкур 206,0 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд – 61 фоиз ва Хатлон – 19,4 фоиз афзалият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3887 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3361 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.
0 комментария к “СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 124,5 ДАРСАД РАСИДААСТ”