Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СОЛИ 2025 ЗИЁДА АЗ 2,1 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

СОЛИ 2025 ЗИЁДА АЗ 2,1 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд карда истодааст.

Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.

Дар соли 2025-ум 2 миллиону 104,7 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаст. Ин нишондиҳанда — 501,4 ҳазор нафар ё 31,3 фоиз нисбати соли қаблӣ зиёд мебошад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 1 миллиону 784,4 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба соли қаблӣ 27,4 фоиз зиёд аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 932,8 ҳазор нафар ё 91,8 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 1 миллиону 634,5 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 171,9 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,2% аз шумораи умумӣ) ва 149,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо 1 миллиону 117,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 53,1 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Теъдоди сайёҳоне, ки дар соли 2025 аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 617,5 ҳазор нафар ё 29,3 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон — 141,3 ҳазор нафар, баъдан Қазоқистон – 39,3 ҳазор нафар ва дар ҷойи панҷум Туркманистон – 6,6 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 42,2 ҳазор нафар, Афғонистон — 18,7 ҳазор нафар, Эрон – 14,5 ҳазор нафар, ИМА зиёда аз 13 ҳазор нафар, Олмон зиёда аз 8 ҳазор нафар, Туркия – 6,8 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 5,2 ҳазор нафар, Ҷопон – 4,4 ҳазор, Итолиё – 4,1 ҳазор, Фаронса – 3,7 ҳазор, Покистон ва Австрия 3,6 ҳазор нафарӣ, Ҷумҳурии Корея – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир – 3,0 ҳазор, Канада 2,6 ҳазор нафар, Нидерланд – 2,0 ҳазор, Испания ва Малайзия 1,4 ҳазор нафарӣ, Швейтсария ва Филиппин 1,3 ҳазор нафарӣ, Индонезия ва Ҷумҳурии Чехия 1,1 ҳазор нафарӣ ва Сингапур зиёда аз ҳазор нафар мебошанд.




0 комментария к “СОЛИ 2025 ЗИЁДА АЗ 2,1 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон