Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ШУМОРИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР КИШВАР КОҲИШ ЁФТААСТ

ШУМОРИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР КИШВАР КОҲИШ ЁФТААСТ

Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 фоиз кам шуда, 30,2 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба 1000 нафар аҳолӣ 5,7 ададро ташкил кардааст.

Шумораи бекоршавии ақди никоҳи бақайдгирифташудаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 6,5 фоиз кам шуда, 4047 ҷуфтро ташкил кардааст. Пошхӯрии оилаҳо дар ин давра нисбати дигар минтақаҳо бештар дар вилояти Суғд мушоҳида гардида, коэффитсиенти бекоршавии ақди никоҳ дар ин вилоят ба 1000 нафар аҳолӣ 1,1 адад рост омадааст.




0 комментария к “ШУМОРИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР КИШВАР КОҲИШ ЁФТААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон