31.05.25
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд карда истодааст.
Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.
Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ 367,8 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,7 ҳазор нафар ё 13,1 фоиз зиёд арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 307 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 15,8 фоиз зиёд аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 343,6 ҳазор нафар ё 93,2 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 286,6 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, зиёда аз 25 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 6,8 фоиз аз шумораи умумӣ) ва 20,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 236,4 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 64,1 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Теъдоди сайёҳоне, ки давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 87 ҳазор нафар ё 23,6 фоизи теъдоди умумии сайёҳонро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон – 8,7 ҳазор нафар, баъдан Қазоқистон — 8,3 ҳазор нафар, Туркманистон – 1,6 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 7,1 ҳазор нафар, Эрон — 3,9 ҳазор нафар, Афғонистон – 3,2 ҳазор нафар, ИМА – 1,6 ҳазор нафар, Туркия – 1,4 ҳазор нафар, Олмон – 0,7 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 0,6 ҳазор нафар ва ғайра.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 дар миқёси мамлакат 200 ширкати сайёҳии бақайдгирифташуда мавҷуданд.
Дар ин давра 216 меҳмонхона (бо назардошти шахсони воқеӣ), 6 меҳмонхонаи 5 ситорадор, 24 меҳмонхонаи 4 ситорадор, 18 меҳмонхонаи 3 ситорадор, 2 меҳмонхонаи 2 ситорадор, 8 меҳмонхонаи 1 ситорадор ва 158 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 55 адад хостелҳо ва мотелҳо, 57 адад осоишгоҳҳо, 4 адад осоишгоҳҳои кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 6 адад марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 адад хонаҳои истироҳатӣ, 1 адад пансионату кемпинг ва 4 адад базаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд.
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3656 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 81,2 миллион сомониро ташкил додааст.
0 комментария к “ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ 15,8 ФОИЗ АФЗУДААСТ”