Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Шарҳи муҳтавои Паём дар Агентии омор

Шарҳи муҳтавои Паём дар Агентии омор

Санаи 17-уми январи соли 2020 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ дар бораи шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон – Камол Насрулло, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ғафоров Муҳридин, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор баргузор гардид.

Муовини якуми Директори Агентии омор муҳтарам Шокирзода Шодмон бо сухани ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, Паёми Сарвари давлатро ҳамчун санади муҳимми расмӣ, барномавӣ, ифодакунандаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Зикр карданд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Сипас, шоири халқии Тоҷикистон – Камол Насрулло  оид ба муҳтавои куллии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паёми имсола нисбат ба паёмҳои гузашта хеле пурмуҳтаво ва фарогири масъалаҳои мубрами ҷомеа буда, барои боз ҳам пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо заминагузор хоҳад буд. Зеро Паёми навбатӣ тамоми ҷанбаҳои хоҷагии халқро дарбар мегирад. Аз он ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, масъалаҳои коммуникатсионӣ ва раҳоӣ ёфтан аз буҳрони иқтисодие, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст, дар паёми имсола ироа гардидааст.

Устод Камол Насрулло соли 2019-ро ҳамчун соли созандагиву бунёдкорӣ дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми кишвар дар соли сипаригашта, ин ба кор андохтани агрегати дуюми Нергоҳи барқи обии “Роғун” ба шумор меравад, ки моро ба ояндаи неки дурахшон умедвор месозад.

Дар давоми суханронӣ устод Камол Насрулло зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба масъалаи таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ, таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҳар сол баргузор карда шавад.

Дар охир, муҳтарам Шокирзода Шодмон ба меҳмонон ҷиҳати ташриф ва андешаронияшон дар маҷлиси мазкур аз номи роҳбарияти Агентии омор изҳори сипос намуда, аз ҳозирин барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр гардидаанд, даъват ба амал оварданд.




0 комментария к “Шарҳи муҳтавои Паём дар Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...