21.10.26
То 1 октябри соли 2026 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 миллиону 112,7 ҳазор сар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241,6 ҳазор сар ё 8,4 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз низ афзоиш ёфта, ба 8 миллиону 301,4 ҳазор сар баробар шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 ин нишондиҳанда 834,3 ҳазор сар ё 11,2 фоиз зиёд гардидааст.
Дар сохтори умумии саршумори чорво саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ назаррас буда, ба ин категорияи хоҷагидорӣ 94,3 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 82,8 фоизи саршумори гӯсфанду буз рост меояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи минтақаҳои зикршудаи ҷумҳурӣ низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз, вилояти Хатлон 8,6 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,5 фоиз ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,6 фоиз зиёд шудааст.
Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади хоҷагиҳо ва рушди иқтисоди деҳот саҳми назаррас дорад.
0 комментария к “САРШУМОРИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР ДАР ТОҶИКИСТОН 8,4 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТ”