Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САРШУМОРАИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР 5,4 ФОИЗ ВА ЧОРВОИ МАЙДА 5,5 ФОИЗ АФЗУДААСТ

САРШУМОРАИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР 5,4 ФОИЗ ВА ЧОРВОИ МАЙДА 5,5 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо мақсади такомул бахшидан ба соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст, ки баҳри рушд ёфтани чорводорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 851,5 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,8 ҳазор сар ё 5,4 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 476,9 ҳазор сарро ташкил дода, 387,3 ҳазор сар ё 5,5 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 93,9 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,8 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 6,1 фоиз, Суғд 6,4 фоиз, ВМКБ 1,4 фоиз ва НТҶ 3,7 фоиз зиёд гардидааст.

Дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 98795 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гўшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 12,5 фоиз, Хатлон 13,3 фоиз, ВМКБ 3,0 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9,7 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин давра 436935 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 5,8 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ВМКБ 2,9 фоиз, вилоятҳои Суғд 13,2 фоиз, Хатлон 0,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,0 фоиз афзудааст.




0 комментария к “САРШУМОРАИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР 5,4 ФОИЗ ВА ЧОРВОИ МАЙДА 5,5 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон