Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

24 апрел Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷиҳати боздид аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ сафари корӣ анҷом дод.

  • Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро Раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор истиқбол намуда, сараввал аз фаъолияти корхонаи қолинбофии ҶДММ “Тоҷ Фейза” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа боздид намуданд.

Директори ҶДММ “Тоҷ-Фейза” Хайрулло Шарифов иттилоъ дод, ки корхона фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар таъмини бозори дохил ва хориҷ саҳми назаррас дорад.

Дар соли 2023 корхонаи мазкур ба маблағи 22 миллиону 336,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 35,2 фоиз ё 5 миллиону 811,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли қолин дар корхонаи мазкур ба 5 миллиону 581,9 ҳазор сомонӣ расида, иқтидори истеҳсолии он дар ин давра 145,7 ҳазор метри мураббаро ташкил додааст.

Айни ҳол, дар корхонаи қолинбарорӣ 47 нафар бо кор таъмин ҳастанд.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳаи қолинбофии мамлакат воридоти таҷҳизоти технологии муосир аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон- Белгия, Германия ва Туркия дар кишвар корхонаҳои нав таъсис дода шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил гардидаанд.

Рушди соҳаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуда, дар ин замина Тоҷикистон аз модели давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ –аграрӣ мегузарад.

Ба масъулони корхона дастур дода шуд, ки минбаъд низ, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи бештар равона карда, бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.

  • Дар идомаи сафар аз гармхонаи Хоҷагии деҳқонии “Исматулло” дар деҳаи Кӯктоши Ҷамоати Деҳоти Чоргултеппа дидан карда шуд.

Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар таъсиси гармхонаҳои доимоамалкунанда низ таҷрибаи ғанӣ дошта, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар ҳама фаслҳои сол аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.

Ҳангоми боздиди Директори Агентии омор аз гармхонаи Хоҷагии деҳқонии “Исматулло”, ки феълан дар он парвариши бодиринг бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Исматулло Ҳусанов иттилоъ дод, ки масоҳати гармхона 1,0 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» соли 2018 дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманнаб Ҳусанов дар майдони 4 гектар таъсис ёфта, аҳли заҳмати он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гуногун саҳми назаррас мегузоранд.

Тавре дар боло зикр намудем, дар хоҷагӣ бо истифода аз технологияи нав дар майдони 1 гектар барои парвариши сабзавоти гуногун, аз ҷумла бодирингу помидор гармхона ташкил гардидааст, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мебошанд.

Айни ҳол, дар гармхона зиёда аз 25 ҳазор бех бодиринг шинонида шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти ҳосилбандии ниҳолони бодиринг дар ин гармхона ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва ба ин васила таъмини фаровонии бозори дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

  • Ҳамзамон Директори Агентии омор бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ” шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур 26 октябри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, корхона дар майдони 0,32 гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”, дар як рӯз зиёда аз 100 ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ ба 2500 ҷуфт пойафзол мерасад.

Дар корхона 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, дар ояндаи наздик ин шумора ба 50 нафар расонида мешавад.

Дар рафти сафар аз боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Ҷавонони шаҳраки Сомониён боздид карда шуд.

Бояд гуфт, ки боғи мазкур 6 октябри соли гузашта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои Раиси ноҳияи Рӯдакӣ боғи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Даромадгоҳи иншоот бо усули меъмории миллӣ бунёд гардида, бо нақшу нигори диққатҷалбкунанда оро дода шудааст. Дар ҳудуди боғ беш аз 800 бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.




0 комментария к “САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...