Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ САНГВОР

САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ САНГВОР

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати рушди низоми омор ва фаъолияти мақомоти омор дар сатҳи минтақаҳо, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини директори Агентии омор Назарзода Зарина бо мақсади таъмини эътимоднокӣ ва дурустии нишондодҳои оморӣ, махсусан инвентаризатсияи оилаҳои занбӯри асал ба ҳолати 1 майи соли 2025 ва ҳаҷми истеҳсоли асал дар соли 2024 бо сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар гурӯҳи корӣ бо мақсади таъмини шаффофияти маълумотҳо, аз ҷумла дақиқ намудани оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал бо фаъолияти занбӯриасалпарварон аз наздик шинос гардида, бо онҳо дар самти пешниҳоди дурусти ҳисобот ба мақомоти омор оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фаъолияти хоҷагӣ суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

  • Тавре мутахассисон иброз доштаанд, асали ноҳияи Сангвор яке аз асалҳои беҳтарини мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро иқлим, табиат ва муҳити ин макон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ нисбат ба дигар минтақаҳо хеле мусоид мебошад.

Занбӯриасалпарварони ноҳияи Сангвор иброз доштанд, ки занбӯрҳои ин минтақа аз набототи баландкӯҳ шаҳд гирд меоранд. Инчунин асали хуб аз зоти занбӯр низ вобастагӣ дорад. Агар занбӯр зоти хуб ва боқувват бошад, дар як сол ду маротиба асал гирифтан мумкин аст.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал, яъне яке аз навъҳои беҳтарини маҳсулоти табобатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд.




0 комментария к “САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ САНГВОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон