17.02.26
Масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост, ки талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоем. Зеро риояи муқаррароти қонун бо дурӣ ҷӯстан аз таассубу хуруофтопарастӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва некуаҳволии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ин нуктаро муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода дар ҳамоише, ки Агентии омор доир ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ доир гардид, иброз намуд.
Ҳамоиш бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Абдулазиззода баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки риоя ва эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон зарур аст, вале он бояд мутобиқи талаби замон доир гардад, то пеши роҳи исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастии беасос гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҳам шарҳи қонунҳои дар шакли нав қабулгардида, фарқияти онҳо нисбати қонунҳои қаблӣ ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ дар робита ба иҷро накардани қонунҳои мазкур мебошад.
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад дар ҳамоиш иброз дошт, ки мақсади қонуни миллӣ ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад. Қонун ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.
Иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ҳамзамон дар ҳамоиш мутахассисон оиди фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ, ки риояи қонунҳои миллиро дар мақомоти омор назорат мекунад ва доир ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ маъруза намуданд.

0 комментария к “РИОЯИ ТАЛАБОТИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД”