10.02.26
9 феврал Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Аз рӯи рӯзномаи нишаст Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2026 гузориш дод. Инчунин дар рафти нишаст дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд.

– шумораи ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти омор татбиқшуда;
– нархи сабзавот ва сабаби болоравии он;
– омори муҳоҷирон ва маблағи фиристонидаи онҳо;
– омори таҳқиқоти буҷаи хонаводаҳо;
– маълумот оиди сатҳи зиндагии аҳолӣ;
– оиди омори истеҳсоли пахта ва нархи он дар ҷумҳурӣ;
– омори истеҳсоли арақ ва истифодаи он;
– омори саршумори чорво дар кишвар ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшт; сабаби баланд будани нархи гушт;
– нархи картошка;
– омори истеҳсоли доруворӣ;
– омори нуқтаҳои тезтайёр;
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд, ки рӯзноманигорон аз ҷавобҳои додашуда қаноатманд гардиданд.
0 комментария к “НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР”