Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОН БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дастаи бонувони Агентии омор дар се бозӣ ғолиб омаданд.

МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОН БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дастаи бонувони Агентии омор дар се бозӣ ғолиб омаданд.

Аз 15 –уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бахшида ба “Рӯзи Модар”оғоз гардида, то 6-уми март доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дастаи бонувони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз бо дастаи бонувони Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон рақобат доштанд, маҳорати хуб нишон дода, дар ҳар се бозӣ ғолибият ба даст оварданд.

  • Натиҷаи бозиҳо чунин аст:

– Агентии омор 2-0 Агентии назорати маводи нашъаовар;

– Агентии омор 2-0 Суди олии Тоҷикистон;

– Агентии омор 2-0 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Модар доир карда мешавад.




0 комментария к “МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОН БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дастаи бонувони Агентии омор дар се бозӣ ғолиб омаданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...