Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МАРОСИМИ ОҒОЗИ ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ “КОДЕКСИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР” (WE FINANCE CODE)

МАРОСИМИ ОҒОЗИ ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ “КОДЕКСИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР” (WE FINANCE CODE)

22 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар ҳошияи Саммити Молиявии Осиёи Марказӣ – 2025 маросими оғози ташаббуси глобалии “Кодекси маблағгузории занони соҳибкор” (We Finance Code) баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Кодекси маблағгузории занони соҳибкор равиши бисёрҷонибаи глобалӣ буда, ба бартарафсозии маҳдудиятҳо ва норасоиҳои маблағгузорӣ, ки ба занони соҳибкор дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд, равона гардидааст.

Дар ин чорабинӣ шаш муассисаи молиявии бонуфуз бо ҷонибдорӣ аз ин кодекс ӯҳдадории худро барои фароҳам овардани шароит барои рушди тиҷорати занон дар Тоҷикистон тасдиқ намуда, ба санад имзо гузоштанд.

Аз ҷамла КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП Бонки “Арванд”, Бонки Эсхата, МДО “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, ICB Tajikistan ва Бонки Хумо.

Иштирокдорон вобаста ба оғози кори лоиҳа, ҳолати кунунии ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумот дар бораи фаъолияти занони соҳибкор, таҳияи нақша барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳалӣ ҷиҳати дастгирӣ дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар бахши молиявии кишвар табодули назар намуданд.

Ҳадафи ин ташаббус ташкили заминаи мусоид барои васеъ намудани имкониятҳои маблағгузорӣ ба соҳибкории занон мебошад.




0 комментария к “МАРОСИМИ ОҒОЗИ ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ “КОДЕКСИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР” (WE FINANCE CODE)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон