Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

7 июли соли ҷорӣ дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №2, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” – и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода Садриддин Аваз, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нурмаҳмадзода Ҷамшед – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Нурмаҳмадзода Ҷамшед нахуст, меҳмононро муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро бо ҳозирин пешниҳод намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023; интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ; интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис аз ҷониби муовини якуми Директори Агентии омор, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” Асо Нурулло Асват оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот ироа гардид. Дар ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” як қатор ҷаласаҳоро байни аъзоёни ташкилот, аз ҷумла ҷашнҳои давлативу миллӣ аз қабили Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Рузи байналмилалии Модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рузи забони давлатӣ, Рузи Ваҳдати миллӣ, Рузи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам ва Нишони давлатӣ бо усулҳои муосири таблиғотӣ аз қабили дарсҳои сиёсӣ, миззи мудаввар, Конференсияи назариявӣ ва вохӯриҳо дар сатҳи баланди идона баргузор гардиданд.

Сипас, Ширинбекзода Садриддин Аваз суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои муаззами миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои табақаву гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфта, тавонист, ки дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзуву ормонҳои мардумро дар худ тафассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад. Фаъолияти самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар давоми сӣ сол тақвияту густариш ёфт. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати фаъолияти хеш зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи таъриху фарханг ва бунёди давлати мустақили миллӣ корҳои азимеро анҷом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои муҳиму вусъатманди худро амалӣ карда истодааст.

Ҳамзамон Муродов Ҷурабек суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дастовардҳои имрӯзаи ҳизби мо натиҷаи талошу мубориза дар замонаи мураккабу мушкил аст. Мо имтиҳонҳои ҷиддиро паси сар кардем. Аз ин пас содиқона хизмат кардан ва беш аз пеш аз ормонҳои халқ огоҳ будану ба татбиқи онҳо мусоидат кардан вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҳизб аст. Садоқат дар амал зоҳир мешавад, дастгирии ҳаматарафаи аъзоёни ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, мустаҳкам кардани ғояҳои давлат, эҳё намудани тамоми боигариҳои маънавии халқ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёнаш мебошад.

Дар идома, тибқи масъалаҳои дигари рўзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” бо тарафдории аъзои ташкилот Нурмаҳмадзода Ҷамшед дигарбора раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, ҳамзамон муовини раиси ташкилот Асо Нурулло Асват интихоб гардид.

Дар фарҷом нафароне, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.




0 комментария к “МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...