Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”, муовини якуми директори Агентии омор Асо Нурулло Асват ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба аъзоёни ташкилот пешниҳод намуд.

Сипас тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар соли 2025 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои соли 2026 муайян гардид.

Асо Нурулло Асват муовини якуми Директори Агентии омор ва ҳамчунин муовини раиси ташкилот оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2025 ҳисобот дода, зикр намуд, ки бо ҳисси баланди масъулият ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Барномаи корҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои омориро ба анҷом расонид, ки аз иҷрои пурраи Барнома тибқи муҳлатҳои муқарраргардида шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки мақомоти омор ба корҳои ободонию созандагӣ ва сабзкорӣ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади идома додани корҳои бунёдкориву созандагӣ, омода намудани биноҳои маъмурӣ, тоза ва кабудизоркунии гирду атрофи биноҳо, роҳравҳо, шинонидан ва нигоҳубини гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ дар назди бинои маъмурии Агентии омор бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ мунтазам шанбегиҳо ташкил карда шуда, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани дохил ва беруни биноҳо, насби шиору овезаҳо зери назорати қатъии роҳбарият қарор дода шуда, мавриди амал қарор дорад.

Пас аз ироаи ҳисобот аъзоёни фаъоли ҳизб ба музокира баромада, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”- ро мусбат арзёбӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ Маҳмадӣ Неъмонов баромад намуда, таъкид дошт, ки мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятнокиро ҷой медиҳад.

Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи кории ташкилот барои соли 2026 масъалаҳои дигари маҷлис ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳамзамон масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ карда шуд.

Дар идома Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад.

Дар охири маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло дар бораи саҳми ҲХДТ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва шукуфоии кишвари азизамон суханронӣ намуд.




0 комментария к “МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОР”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон