02.07.26
Бо мақсади иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Меҳмононро масъулини Осорхонаи миллӣ истиқбол гирифта, барои онҳо сайри осорхонавии муфассал ташкил намуданд. Зимни боздид кормандони Агентӣ бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, мероси гаронбаҳои фарҳангиву тамаддунӣ, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва экспонатҳои арзишманди осорхона аз наздик шинос гардиданд.

Дар ҷараёни экскурсия иштирокчиён аз толорҳои намоишии бахшҳои табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, инчунин аз дигар экспозитсияҳои осорхона боздид намуда, доир ба гуногунии табиати Тоҷикистон, таърихи давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангӣ ва ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии кишвар маълумоти муфассал гирифтанд.

Ҳамзамон, кормандони Агентӣ аз толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» низ дидан намуда, бо туҳфаҳои расмии ба Пешвои миллат тақдимгардида ва арзиши таърихиву сиёсӣ ва фарҳангии онҳо шинос шуданд.
Боздид дар фазои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ баргузор гардида, иштирокчиён онро барои таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгон ва баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ судманд арзёбӣ намуданд.

0 комментария к “КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ ОМОР АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД”