16.04.25
16 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Акрамзода Баҳодур – муовини якуми раиси ноҳия аз рӯи ин масъала дар ҷаласа гузориш дод. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз камбудиву мушкилотҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар семоҳаи якуми 2025 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор ва фаъолони ноҳия оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, хусусан ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, назорати истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи замин, кишт, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, ҷоннок намудани фаъолияти сусти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, пешгирии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон, дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
0 комментария к “ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА ДАР ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ИШТИРОК НАМУД”