14.04.25
14 апрели соли 2025 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оиди ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии омор баргузор гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо кушода эълон намудани ҷаласа таъкид намуд, ки дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, доир ба ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Муовини Директори Агентии омор Мирзоён Нодир Рамазонӣ дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 муфассал маърӯза намуда, зикр кард, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳбаландӣ ва қувваю нерӯи тоза аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, семоҳаи якумро бо як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
Гуфта шуд, ки мақомоти омор дар давраи сипаришуда тибқи “Барномаи корҳои оморӣ” дар маҷмуъ 2542 кори омориро ба анҷом расонид, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 572 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 642 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 131 кор ба омори молия, 177 кор ба омори бақайдгирии нархҳо ва тарифаҳо, 33 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 354 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ, 369 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 264 кор ба омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҷаласа сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъруза намуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР”