Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири соли 2019» баргузор гардид.

Дар кори он Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Г. Ҳасанзода, муовинони Директори Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар вазорату идораҳо ширкат варзиданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи аввали 2019 ва вазифаҳо то охири сол, ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба натиҷаи фаъолияти корӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2019 матраҳ гардид.

Ҷаласаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Гулнора бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастурҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои омор ба роҳ мондааст. Қайд гардид, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 -ум №561, тасдиқ карда шудааст ва вазифаҳои дар назди мақомот дар нимсолаи якуми соли 2019 гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар гузориши Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Ш. зикр гардид, ки Агентии омор дар нимсолаи якуми соли 2019 тибқи Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. 4908 корҳои оморӣ ҷамъбаст карда шуда, Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра ба Агентӣ 1571 маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ аз онҳо 408 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 38 қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 780 мактуб аз вазорату идораҳо, 150 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 165 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 30 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар нимсолаи якуми 2019 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 11 маҷмӯаи оморӣ, 90 бюлетени оморӣ, 10 маълумот, 25 иттилооти таъҷилӣ ва 32 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

 Инчунин, дар кори ҷаласа диққати асосӣ ба масъалаҳои дигар, аз қабили: оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021; оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ; оид ба масъалаи корҳои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ва ғайраҳо.

Дар робита ба маъруза ва баромадҳо намояндагони вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, кишоварзӣ  ва ғайра ибрози андеша намуда, ба кори кормандони мақомоти омор баҳои қаноатбахш доданд.

Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор – Гулнора Ҳасанзода бо назардошти баррасии рӯзномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, сипас ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.




0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...