Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ ОМОР

2 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи омор баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷаласаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, баргузории чорабинии мазкурро дар фароҳам овардани замина барои муколамаи сиёсӣ, сафарбаркунии захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба афзалияти пешбинишудаи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди омори миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки мақомоти омори Тоҷикистон барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас ва ҳам пешрафти чашмраси соҳа, бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва дигар шарикони рушд ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монда, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии рушд барои таҳким бахшидани иқтидори системаи миллии омор дар самти ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ, таҳлил, таъмини эътимоднокӣ ва саривақтии пешниҳоди маълумоти оморӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони калидию боэътимоди мақомоти омори Тоҷикистон унвон намуда, таъкид дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди низоми омори ҷумҳурӣ, таҳкими иқтидори кормандон, таъминоти методӣ ва техникии такмил додани Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо (ТБХ) барои арзёбии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, инчунин мониторинги баҳодиҳии татбиқи СМР оид ба баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзанда дорад. Чунки яке аз самтҳои муҳими сиёсати омори давлатӣ дар ба даст овардани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо равона гардидааст.

Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ягона таҳқиқоти миллӣ ва сарчашмаи оморӣ мебошад, ки барои баҳодиҳии сатҳи некуаҳволии кишвар, нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминнокии аҳолӣ ба маводҳои озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, барои баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ, камбизоатии ғизоӣ, камбизоатии кӯдакон, хароҷотҳои пулии аҳолӣ барои хариди мол ва ҳисоби табақаи миёнаи аҳолӣ, вазъи истеъмолоти аҳолӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои маҳсулотҳои озуқаворӣ дар шакли аслӣ ва пулӣ, ҳолати физиологӣ ва истеъмолоти калория, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хонаводаҳо аз заминҳои ёрирасони наздиҳавлигӣ барои истеъмолоти хонавода ва фурӯш, нишондиҳандаҳои вобаста ба хароҷотҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо истифода карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа ба масъалаи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишондиҳандаҳои кишоварзӣ ва саҳми соҳаи мазкурро дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ муҳим дониста, ҳамзамон гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро як қисми муҳими ин соҳа унвон намуд. Зеро ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии муҳим, ин пеш аз ҳама ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ буда, иттилооти ҷамъовардашуда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад. Дар ин самт дастгирии Бонки Осиёии Рушд ва дигар шарикони рушд муҳим ва зурур дониста шуд.

Дар идома аз тарафи Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омори Тоҷикистон”, ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, оиди дастоварду натиҷаҳои фаъолият тариқи рӯнамо гузориш пешниҳод карда шуд.

Сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзода тариқи рӯнамо дар мавзӯи “Ҷалби шарикони рушд дар раванди таҳияи омори расмӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” баромад намуда, иқдоми мазкурро дар таҳияи нишондиҳандаҳои тағирёбии иқлим дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, экология, нақлиёт, захираҳои об ва хоҷагии ҷангал муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома ҳамзамон оиди баргузории барӯйхатгирии кишоварзӣ, маълумоти оморӣ оиди кӯдакон, мониторинги нарх дар бозорҳо барои таҳлили амнияти озуқаворӣ, фаъолияти сомонаи расмии Агентии омор дар таҳрири нав ва дигар масъалаҳо рӯнамоӣ карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони донорҳо ва шарикони рушд доир ба масъалаҳои мазкур сухан гуфта, ташаббусҳои пешбаришударо ҷиҳати таҳкими заминаҳои муносибатҳо, тавсеаи ҳамкориҳои судманд, муҳим ва саривақтӣ донистанд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон