07.05.25
Санаи 5 майи соли 2025 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оиди баррасии таҳияи омори расмӣ дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми директори Агентии омор Асо Нурулло Асват, раёсатҳои дахлдори Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии омор Асо Нурулло ифтитоҳ намуда, сараввал таъкид дошт, ки мақомоти омори давлатӣ аз ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, дастуру супоришҳои муҳтарам Роҳбари давлатро пайваста сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад.
Хусусан дар татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №482 “Дар бораи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Агентии омор низ иқдоми амалиро роҳандозӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ дар таҳияи омори расмӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим талош намуда истодааст.
Зикр шуд, ки тағйирёбии иқлим ба авзои сиёсии ҷаҳон алоқаи ногусастанӣ дошта, таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим як маҷмӯи тадбирҳо мебошад, ки ба коҳиш додани осебпазирӣ ва баланд бардоштани устуворӣ дар муқобили тағйироти иқлим равона шудаанд.
“Дар ин замина Агентии омор омодаи ҳамкории мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо ҷиҳати таҳкими ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин таъсиси инфрасохтори устувори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои нигаҳдорӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ мебошад” – иброз дошт Асо Нурулло.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбари Лоиҳаи Нақшаи миллии мутобиқсозӣ (NAP) Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Манзура Бахтдавлатова оиди натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳои Лоиҳа, сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзода оиди таҳияи омори расмӣ барои қабули қарор дар бораи тағйирёбии иқлим, банақшагирии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти мазкур ва сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентӣ Хуршед Қосимов оиди муайян намудани нишондиҳандаҳои ченкунии иқтидори миллӣ ва фарогирии нишондиҳандаҳои ҷорӣ, қадамҳои минбаъда дар самти татбиқи низоми омор тариқи рӯнамо баромад намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятноки нишондиҳандаҳои оморӣ барои дохил намудан ба низоми мониторинг, таҳияи равишҳо бо истифодаи омори расмӣ барои қабули қарорҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, муайян намудани камбудиҳои мавҷудаи маълумот ва манбаҳои эҳтимолии иттилоот, усулҳои ҳамоҳангсозӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, ҳамоҳангсозии унсурҳои асосии системаи мониторинг ва арзёбии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешниҳодҳо оиди ҳамгироии нишондиҳандаҳои иқлим ба омори расмӣ, тартиб додани рӯйхати пешакии маълумоти зарурӣ ва манбаҳои иттилоот ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар интиҳои ҷаласаи мазкур мулоҳизоти иштирокчиён шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИДИ БАРРАСИИ ТАҲИЯИ ОМОРИ РАСМӢ ДАР РАВАНДИ МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ”