21.10.26
Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон 227 ҳазору 932 тонна гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) истеҳсол карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли мусбат доштааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,1 фоиз, вилояти Хатлон 13,7 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,6 фоиз ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар соҳаи парандапарварӣ низ афзоиши истеҳсолот ба назар мерасад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 36 ҳазору 314 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 фоиз зиёд мебошад.
Аз рӯйи минтақаҳо, дар вилояти Суғд 16 ҳазору 984 тонна, вилояти Хатлон 8 ҳазору 819 тонна, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 ҳазору 439 тонна ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 72 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.
0 комментария к “ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 14,7 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТ”