16.06.25
16 июн Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд.
Зимни чорабинӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳо, ташаббусҳои кишвар дар рушди дар соҳаи омори миллӣ ва нақшаҳои минбаъда суханронӣ намуд. Ҳамчунин ироа гардид, ки дар низоми омори миллӣ баҳогузории глобалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он ва тавсеаҳои коршиносони байналмилалӣ барои таҳияи нақшаҳои стратегии рушди омори миллӣ муфид арзёбӣ мегардад.
0 комментария к “Иштироки Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)”