Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар Конфронси вазирон оид ба масъалаҳои устувории демографӣ, роҳҳои рушди ҷомеъа дар шароити тағйирёбии зуди демографӣ дар шаҳри Сафияи Ҷумҳурии Булғористон

Иштирок дар Конфронси вазирон оид ба масъалаҳои устувории демографӣ, роҳҳои рушди ҷомеъа дар шароити тағйирёбии зуди демографӣ дар шаҳри Сафияи Ҷумҳурии Булғористон

Санаи 1-2 декабри соли 2021 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо ҳайати Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Конфронси вазирон оид ба масъалаҳои устувории демографӣ, роҳҳои рушди ҷомеъа дар шароити тағйирёбии зуди демографӣ дар шаҳри Сафияи Ҷумҳурии Булғористон қарор доштанд.

Конфронси мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон ва Хазинаи нуфуси СММ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Аҳолии Аврупо” ташкил карда шуд. Конфронси мазкур аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Булғористон ҷаноби Румен Радев ифтитоҳ гардида, ҳамагонро хайра мақдам намуда ба кори Конфронс ҷиҳати ҳаллӣ масъалаҳои демографӣ бурдбори таманно намуданд. Ҳамчунин иҷрокунандаи директори Хазинаи нуфуси СММ ва муовини Котиби генералии СММ доктор Наталия Канем ва муовини – Президенти Комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои демократия ва демография ҷаноби Дубравка Шуйтса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи асосии Конфронси вазирон ин аз тарафи намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ маъалаҳои вобаста ба мушкилиҳо ва имкониятҳо, ки кишварҳо вобаста ба тағйирёбии демографӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд ҳалли проблемаҳои ҷойдошта баррасӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар Конфронси мазкур дигар масъалаҳои ба тағйирёбии демографӣ алоқаманд ба монанди коҳиш додани нобаробарӣ, таъмини рушди устувор, мустаҳкам намудани сармояи инсонӣ баррасӣ карда мешаванд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ ҳамаи паҳлуҳои гуногуни рушди дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони Истиқлолият, масъалаҳои тағйирёбии демографӣ ва таъсири он ба паст кардани нобаробарӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, мустаҳкам намудани сармояи инсонӣ ва васеъ кардани имкониятҳои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи принсипи “Ягон шахс фаромуш намешавад” қайд намуданд.

Ӯ зимни баромади худ зикр намуданд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои афзиши баланди табиӣ буда, ҳисоби миёнаи афзоиши аҳолӣ дар як соли 2,0-2,2 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2021 шумораи аҳолӣ 9,8 миллион нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии аҳолӣ мардҳо 50,7 фоиз ва занҳо 49,3 фоиз ташкил медиҳанд.

Нишондиҳандаи баланди сатҳи таваллуд (коэффитсиенти ҷамъбастии таваллуд 3,8 ба як зани қобили таваллуд 15-49 сола) ба ҷавоншавии демографии аҳолӣ мерасонад. Агар дар соли 1991 шумораи аҳолии аз синни қобили меҳнат ҷавон 43,4 фоиз, аҳолии қобили меҳнат 49,0 фоиз ва аз синни қобили меҳнат калонтар 7,6 фоизро ташкил дода бошад пас мутаносибан дар соли 2020 шумораи аҳолии аз синни қобили меҳнат ҷавон 34,3 фоиз, аҳолии қобили меҳнат 59,6 фоиз ва аз синни қобили меҳнат калонтар 6,1 фоизро ташкил додааст. Синни медиании (миёна) аҳолӣ 23,0 солро ташкил медиҳад. Кудакони синни 0-17 сола қариб 40,0 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои демографӣ, паст кардани нобаробарии иҷтимоӣ, дастгирии занон, ҷавонон, кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни Паёмҳои ироа намудаи худ ба Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таъкид мегардад. Ҳалли масъалаҳои демографӣ пеш аз ҳама такя ба дастгирии занон ва ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин ҳадаф дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия ва барномаҳои соҳавӣ возеҳ дарҷ гардидааст. Барои таъмини баробарӣ ва паст кардани нобаробарии иҷтимоӣ нисбат ба занон ва ҷавонон дар давоми 15 соли минбаъда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои зиёд муайян карда шудааст, аз ҷумла:
• коҳиш додани нобаробарии гендерӣ тавассути такмил додани сиёсат барои таъмини баробарии гендерӣ;
• пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон;
• таҳияи механизмҳои институтсионалӣ барои ҷорӣ намудани ўҳдадорињои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон ба сиёсатҳои соҳавӣ;
• баланд бардоштани потенсиали гендерӣ ва ҳассосияти гендерии кормандони тамоми шохаҳои ҳокимият;
• ҷорӣ намудани буҷети гендерӣ ба раванди буҷетсозӣ.
• такмили омори гендерӣ ва ташкили махзани муттаҳидшуда оид ба ҳама намудҳои зӯроварӣ;
• механизмҳои муассири қонунгузорӣ, институтсионалӣ, ташкилӣ ва молиявӣ барои таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳуқуқи занон ва духтарон;
• рушди соҳибкорӣ бо назардошти омили гендерӣ;
• диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, аз ҷумла бо назардошти омили гендерӣ ва таҳкими танзими давлатии раванди бозгашти муҳољирон.
• коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ, аз ҷумла таҳияи системаи таъмини рушди фарогир ва паст кардани нобаробарӣ, паст кардани нобаробарии гендерӣ ва таъмини некуаҳволии ҷавонон ва кўдакон.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар хотимаи маърузаи худ, аз номи ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон, Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) ва ташкилоти “Аҳолии Аврупо” барои даъват ва пазироӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба рузи Маъракаи ҷаҳонии 16 рӯзи фаъолгардонӣ бар зидди зӯроварии гендерӣ табрику таҳният гуфтанд.

 




0 комментария к “Иштирок дар Конфронси вазирон оид ба масъалаҳои устувории демографӣ, роҳҳои рушди ҷомеъа дар шароити тағйирёбии зуди демографӣ дар шаҳри Сафияи Ҷумҳурии Булғористон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...