Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИДОМАИ ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ХАДАМОТИ МИЛЛИИ ОМОРИ МИНТАҚА

ИДОМАИ ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ХАДАМОТИ МИЛЛИИ ОМОРИ МИНТАҚА

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии омори минтақа идома ёфт, ки муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват қисмати ҷаласаи мазкурро роҳбарӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз тарафи намояндагони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба татбиқи теҳнологияҳои муосири иттилоотӣ дар таҳияи маълумоти оморӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми омори расмӣ, таҷриба ва дурнамо, ташаккули маълумоти кушода дар шароити пешрафти босуръати технологӣ ва рақамисозии ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маъруза карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби намояндагони мақомоти омори Тоҷикистон оид ба истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар таҳия ва паҳнкунии маълумотҳои оморӣ рӯнамоӣ карда шуд.




0 комментария к “ИДОМАИ ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ХАДАМОТИ МИЛЛИИ ОМОРИ МИНТАҚА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон