02.06.25
Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили босамари омори демографӣ ва нишондодҳое, ки дар ин самт ба даст меоянд, барои таъйини дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд. Зеро нишондиҳандаҳои омори демографӣ барои таъмини индикаторҳои асосии миллӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҳамчунин Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ ва арзёбии амалишавии онҳо ҳамчун ягона сарчашмаи иттилооти оморӣ мусоидат менамояд.
Маҷаллаи “Ҳарфи омор” дар мавриди охирин нишондиҳандаҳои омори демографии Тоҷикистон бо Ҳукмиддин Қамарзода, сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате анҷом дод, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем.
– Дар бобати фаъолияти Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор давоми чор моҳи соли 2025 маълумот медодед. Яъне фаъолияти Раёсат дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?
Раёсат дар чор моҳи соли ҷорӣ дар умум фаъолияти босамар дошт. Зеро дар ин давра вазифаҳое, ки тибқи Барномаи корҳои оморӣ ба зиммаи Раёсат гузошта шуда буданд, пурра ва босифат иҷро гардиданд. Аз ҷумла, рўйхати хоҷагӣ ва аҳолии деҳот ба ҳолати 1 январи соли 2025 вобаста аз тағйиротҳои дар номгузорӣ ва тағйирёбии ҳудудҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳо бавуҷудомода ҷамъбаст карда шуданд.
Дар баробари ин, коркарди ҷадвалҳои ҷамъбастии солона, аз ҷумла, муҳоҷирати аҳолӣ – дар сатҳи вилоятҳо, ноҳияҳо, аз рўи ҷинс ва синну сол, муҳоҷирати байналмилалӣ аз рўи давлатҳо ва миллатҳо; бақайдгирии таваллуд – дар вилоятҳо, ноҳияҳо, аз рўи ҷинс, синну соли модар, аз рўи миллат, тартиби таваллуд; бақайдгирии фавт – дар вилоятҳо, ноҳияҳо, ҷинс, синну сол, сабабҳои фавт (аз рўи ТББ-10), маълумотнокӣ; бақайдгирии никоҳ – аз рўи ҷинс, синну сол, ҳолати никоҳ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо омада карда шуданд.
Аз рўи натиҷаҳои пешакии коркарди санадҳои сабти асоди ҳолати шаҳрвандӣ (таваллуд, фавт, никоҳ, талоқ) ва муҳоҷирати доимии аҳолӣ дар соли 2024 оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 дар гузориши «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-декабри соли 2024 маводи таҳлилӣ нашр карда шуд.
– Тавре огаҳ ҳастем, соли гузашта китобҳои баҳисобгирии хоҷагии деҳот пурра бо усули электронӣ роҳандозӣ гардиданд, ки инро метавон қадами устуворе дар роҳи амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ унвон кард. Дар ин бора чӣ назар доред.
Соли сипаришуда бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти Агентӣ ва кулли кормандони он навоварӣ ва дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд, ки боиси ҳамкадами замон шудани мақомоти омори миллӣ гардид. Маҳз дар соли 2024 ҳамаи ҳисоботҳои оморӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуданд ва ҳамзамон электроникунонии китобҳои баҳисобгирии хоҷагии ҷамоатҳо мукаммал гардид, ки ин дастоварди бениҳоят бузурги соҳа аст.
Электроникунонии китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо дар навсозии низоми омори миллӣ бисёр муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ, бояд зикр намуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №291 Қарор «Дар бораи таъмин намудани мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ барои солҳои 2018-2022» ҷиҳати ташкили махзани ягонаи иттилооти оморӣ оид ба аҳолии деҳот ва дигар нишондиҳандаҳои оморӣ дар заминаи китобҳои бањисобгирии хоҷагиҳо барои гузариш ба китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагиҳоро ба тасвиб расонид, ки дар заминаи қарори мазкур қарори раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияиҳои кишвар низ ба ҳамин мазмун ба тасвиб расидаанд.
Масъулини ҷамоатҳо аз гузариш ба китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагиҳо албатта ба хушӣ истиқбол намуда, яке аз афзалиятҳои онро дар саривақт дастрас намудани маълумоти оморӣ ва осонӣ дар баррасӣ шудани муроҷиатҳои шаҳрвандон шарҳ медиҳанд.
– Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо аз муҳимтарин таҳқиқотест, ки аз ҷониби мақомоти омор гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ аз гузаронидани таҳқиқоти мазкур дар чист ва маълумоте, ки дар ин самт ба даст меояд, бо он чиро метавон ояндабинӣ кард?
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба низоми электронии ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ махсусан таҳқиқотҳои хонаводагӣ аз соли 2015 инҷониб ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст, ки ҳамаи тадқиқотҳои оморӣ то инҷониб тариқи планшет ҷамъоварӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ягона таҳқиқоти миллӣ ва сарчашмаи оморӣ мебошад, ки барои баҳодиҳии сатҳи некуаҳволии кишвар, нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминнокии аҳолӣ ба маводҳои озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, барои баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ, камбизоатии ғизоӣ ва ҳисоби табақаи миёнаи аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вобаста ба хароҷотҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо истифода карда мешавад.
Дар самти иҷроиши корҳои омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо бояд қайд намуд, ки маълумотҳои самти мазкур барои семоҳаи чоруми соли 2024 ва ҷамъбасти соли 2024 таҳия карда шуда, аз рўи натиҷаҳои он вазъи даромад ва хароҷоти аҳолӣ, истеъмоли воқеӣ аз рўи намуди молҳои озуқа дар алоҳидагӣ барои соли 2024 ҳисоб карда шуданд. Маълумотҳои семоҳаи чоруми соли 2024 аз рўи ҷадвалҳои асосӣ дар бораи даромад ва хароҷот ва ҳамчунин аз рўи сохтори хароҷот ва истеъмолот омода гардид, ки бо дарназардошти маълумотҳои пешниҳоднамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хароҷотҳои буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва маълумотҳои Бонки миллӣ оид ба пешниҳоди қарзҳои хурд бо хонаводаҳо ва даромад аз ҳисоби амонатгузорӣ ва саҳмияҳо нишондиҳандаи даромад ва хароҷотҳои пулии аҳолӣ барои соли 2024 бозҳисоб карда шуданд.
– Дар бораи вазъи демографии кишвар маълумоти мухтасар медодед…
Бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ (аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ) то 1-уми апрели соли 2025-ум – 10 миллиону 546,5 ҳазор нафарро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум – 2,0 фоиз зиёд шудааст. Дар сатҳи минтақаҳо шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон – 3 миллиону 805,8 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд – 2 миллиону 975,8 ҳазор нафар, НТҶ – 2 миллиону 257,3 ҳазор нафар, шаҳри Душанбе – 1 миллиону 272,4 ҳазор нафар ва ВМКБ – 235,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
– Дар ин давра сатҳи афзоиши табиии аҳолӣ чӣ гуна будааст?
Дар моҳҳои январ – марти соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,5 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд ба ғайр аз вилояти Суғд дигар дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 2,4 фоиз (24,4 ҳазор нафар), дар ВМКБ 16,8 фоиз (752 нафар), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,3 фоиз (13,6 ҳазор нафар) ва дар шаҳри Душанбе 1,6 фоиз (6,0 ҳазор нафар)-ро ташкил намудааст. Дар вилояти Суғд бақайдгирии таваллуд 1,7 фоиз кам шуда, 13,1 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Ҳамчунин бақайдгирии шахсони фавтида дар моҳҳои январ – марти соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 1,6 фоиз зиёд шуда, 8,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Зиёдшавии бақайдгирии шахсони фавтида дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад. Дар вилояти Хатлон бақайдгирии шахсони фавтида – 7,8 фоиз (3,0 ҳазор фавт) ва дар шаҳри Душанбе бошад, 0,4 фоиз зиёд шуда, 817 фавтро ташкил намуд. Камшавии бақайдгирии шахсони фавтида дар вилояти Суғд – 0,3 фоиз (2,9 ҳазор фавт), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2,6 фоиз (1,6 ҳазор фавт) ва дар ВМКБ – 16,1 фоиз ё 188 фавтро ташкил намуд.
Афзоиши табиии аҳолӣ аз рўи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 1,5 фоиз зиёд шуда, 49,3 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 18,9 нафар рост омадааст.
– Солҳои охир афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 арқоми марбут ба никоҳу талоқ чӣ гуна буд? Дар қиёс ба соли гузашта бештар шуда ё коҳиш ёфтааст?
– Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 3,8 фоиз кам шуда, 18,3 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба 1000 нафар аҳолӣ 7,0 ададро ташкил кардааст.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳи бақайдгирифташудаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 8,7 фоиз кам шуда, 2,1 ҳазор ҷуфтро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии бекоршавии ақди никоҳ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 ба 1000 нафар аҳолӣ 0,8 ададро ташкил кардааст.
Пошхӯрии оилаҳо дар ин давра нисбати дигар минтақаҳо бештар дар вилояти Суғд мушоҳида гардида, коэффитсиенти бекоршавии ақди никоҳ дар ин вилоят ба 1000 нафар аҳолӣ 1,2 адад рост омадааст.
– Ташаккур барои суҳбат!
0 комментария к “ҲУКМИДДИН ҚАМАРЗОДА: НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА БАҚАЙДГИРИИ ТАВАЛЛУД ДАР КИШВАР ЗИЁД ШУДААСТ”