22.07.25
Аз 21 то 25-уми июли соли 2025 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ва табодули таҷриба дар семинар – машварат бо сафари корӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд.
Мавзуҳои пешбинишудаи семинар-машварати мазкур аз «Роҳнамои омори молияи давлатӣ – 2014», «Сарвати миллӣ» ва «Иқтисоди сабз» иборат аст.
Яке аз ҳадафҳои асосии семинар-машварат ин шиносоӣ ва омўзонидани мутахассисони Системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молияи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи Системаи ҳисобҳои миллии омори Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки масъалаҳои пешрафтаи методологӣ ва амалии марбут ба пайдарпайии ҳисобҳои миллӣ, ки ба чаҳорчӯбаи консептуалии Системаи ҳисобҳои миллӣ – 2008 (СҲМ-2008) асос ёфтааст, дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон дар ин чорабинӣ мавзӯи раванди татбиқи “Иқтисоди сабз” ҳамчун заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим дар тамоми дунё мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мақсади дигари семинари мазкур ин табодули таҷриба дар усули такмилдиҳии низоми бақайдгирии корхонаҳо, ташкилотҳо ва истифодаи он бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Асо Нурулло, муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки бо назардошти гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи омори расмӣ, хусусан дар бахши механизми такмилдиҳии низоми бақайдгирии корхонаҳо, ташкилотҳо ва истифодаи он, Агентии омори Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла амалияи пешбурди онро дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди омӯзиш қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани сифати саривақтии бақайдгирии корхонаҳо ва ташкилотҳо, мушоҳидаҳои оморӣ ва коҳиш додани сарбории иловагӣ ба респондентҳо иҷроиши корҳои мукаммалкунии раванди мазкурро амалӣ намояд.
Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳои минтақа мебошад, ки дар самти татбиқи бақайдгирии корхонаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Низоми дар ҷумҳурии мазкур амалкунанда вобаста ба ҳамгироии маълумот аз мақомоти андоз, раванди бақайдгирии саривақтӣ, сатҳи баланди автоматикунонӣ, эътимоднокӣ ва навсозии маълумотро таъмин намудааст.
1. Асосҳои ҳуқуқӣ ва институсионалии бақайдгирии корхонаҳо;
2. Манбаҳо ва сохтори маълумот (андозӣ, бақайдгирӣ, оморӣ);
3. Низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳо;
4. Гурӯҳбандии корхонаҳо аз рӯйи андоза, минтақа, соҳа;
5. Ҳамгироӣ бо дигар низомҳои иттилоотии давлатӣ;
6. Истифодаи бақайдгирӣ ҳангоми банақшагирии таҳқиқотҳои оморӣ;
7. Таъмини сифатнокӣ, тафтиши маълумотҳо;
8. Махфият ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тиҷоратӣ;
9. Самтҳои афзалиятноки автоматикунонӣ ва истифодаи технологияҳои нав (API, мубодилаи маълумот дар вақти воқеӣ).
Омӯзиши мазкур як қадами муҳимест, ки дар ҷараёни муосиргардонии низоми миллии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди бақайдгирии корхонаю ташкилотҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамигироиӣ равандҳои оморӣ бевосита мусоидат менамояд ва ҷиҳати минбаъд низ мукаммалшавии иҷроиши корҳои оморӣ таъсири мусбии худро мерасонад.
Дар доираи барномаи кории сафар, дар назар аст, ки табодули таҷриба оид ба амалияи ташаккули системаи ҳисобҳои миллӣ, ҷанбаҳои бақайдгирии корхонаву ташкилотҳо ва раванди татбиқи “Иқтисоди сабз” васеътар сурат гирад.
0 комментария к “ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАР – МАШВАРАТ ҶИҲАТИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ҚАРОР ДОРАНД”