Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳҳои январ-майи соли 2025»

Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳҳои январ-майи соли 2025»

Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таҳлили маълумотҳои фаврии воқеӣ, аз ҷумла андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ низ омода карда шудааст.

То моҳи январи соли 2019 маърўза дар асоси Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ-1). Шурўъ аз моҳи январи соли 2019, омори соҳавӣ дар асоси ТУНФИ (тафсири-2) ташакул дода мешавад, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад (ба шарҳи методологӣ нигаред).

Тибқи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №687 тасдиқ шудааст, ММД ҳар семоҳа баъди 90 рузи давраи ҳисоботӣ расмӣ нашр мешавад.

Сарчашмаи асосии иттилоот барои гузориш маълумотҳои расмие мебошанд, ки мақомоти омор аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо усули фарогирии пурра, бо усули таҳқиқотҳои интихобӣ ва дигар арзёбии мушоҳидаҳои оморӣ гирифтаанд. Инчунин маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд, ки ба методологияи мувофиқашуда, ки муқоисашаванда будани маълумотҳоро дар сатҳи байналмиллалӣ таъмин менамоянд, ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, оморчиён, иқтисодчиён, кормандони илмӣ, мутахассисоне, ки ба маълумоти оморӣ дар бораи рушди Ҷумњурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд ва дигар истифодабарандагони маълумоти оморӣ омода гардидааст.

ГУЗОРИШ ДАР ШАКЛИ PDF




0 комментария к “Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳҳои январ-майи соли 2025»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон