16.02.26
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамаи ҳисоботсупорандагони оморӣ (корхонаву ташкилотҳо ва хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ) мерасонад, ки аз 1 марти соли ҷорӣ воридшавӣ ба ҳуҷраи электронии ҳисоботсупоранда дар низоми ҳисоботи электронии оморӣ танҳо тавассути рамзи махфии SMS-паёмак амалӣ мегардад.
Бо ин мақсад, хоҳиш карда мешавад, ки то 1 апрели соли 2026 дар мақомоти омори минтақаи бақайдгирӣ аз нав, тариқи ройгон бақайдгирӣ намоянд. Дар сурати иҷро нагардидан, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ дар муҳлати муқарраршуда ғайриимкон буда, метавонад боиси татбиқи чораҳои маъмурӣ тибқи қонунгузорӣ гардад.
Ҳамзамон, Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳисобгирии саршумори чорво ва парандаро бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва банақшагирии дурусти истеҳсолоти чорводорӣ анҷом дода истодааст. Ба ин хотир аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар пешниҳоди маълумоти дақиқ мусоидат намоянд.
Чунки баҳисобгирии воқеии саршумор ба таъмини саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ ва пешгирии болоравии нархҳо мусоидат менамояд.
0 комментария к “ЭЪЛОН”