Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ЭЪЛОН!

ЭЪЛОН!

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

ОЗМУН эълон менамояд:

  • Раёсати омори меҳнат, шуғли аҳолӣ, иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ:

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1995 сомонӣ, 20 дирам.

  • Шуъбаи омори ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва иттилоот:

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345 сомонӣ 60 дирам;

  • Бахши омор ноҳияи Фирдавсӣ:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1716 сомонӣ 80 дирам;

  • Бахши омори ноҳияи Шоҳмансур:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1716 сомонӣ 80 дирам.

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

  • барои сармутахассис – таҳсилоти олии касбӣ (иқтисодӣ, оморӣ ва риёзӣ) 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.

  • Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

– аризаи шахсӣ ба унвонии роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– 2 дона расми андозаи 3х4;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– тавсифнома аз ҷои кори пешина.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши ҳуқуқ ва кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Айнӣ-127, индекс:734029, тел.225-44-66




0 комментария к “ЭЪЛОН!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон