03.10.25
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 306 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло умр ба сар мебаранд, ки аз ин 169 нафар мард ва 137 нафари дигар зан мебошанд.
Ҳамчунин дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст.
Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки инро масъулин ба беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббӣ барои куҳансолон рабт медиҳанд.
0 комментария к “ДАРОЗУМРИИ МИЁНАИ АҲОЛӢ БА 76,6 СОЛ РАСИДААСТ”