Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон шумори ақди никоҳ ва бекоршавии он коҳиш ёфт

Дар Тоҷикистон шумори ақди никоҳ ва бекоршавии он коҳиш ёфт

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 50 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз кам мебошад.

Тибқи маълумот коэффитсиенти умумии никоҳ дар давраи ҳисоботӣ ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ 6,2 ададро ташкил додааст.

Ҳамзамон, дар ин давра шумораи бекоршавии ақди никоҳ низ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ–сентябри соли равон 5,4 ҳазор ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 14 фоиз кам мебошад.

Коэффитсиенти умумии бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ 0,7 адад рост омадааст.




0 комментария к “Дар Тоҷикистон шумори ақди никоҳ ва бекоршавии он коҳиш ёфт”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон