20.10.26
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои насли наврас сохтмони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ пайваста идома дорад. Ин раванд дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ мегардад.
Дар ин замина, рушди инфрасохтори маорифу тандурустӣ, бунёди муассисаҳои нав ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу хизматрасонии тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 21 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 34 ҳазору 577 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.
Аз шумораи умумии ҷойҳои нишаст 16 ҳазору 685 ҷой ба вилояти Хатлон, 9 ҳазору 998 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 4 ҳазору 198 ҷой ба вилояти Суғд, 3 ҳазору 600 ҷой ба шаҳри Душанбе ва 96 ҷой ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Дар баробари бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои томактабӣ барои 5 ҳазору 642 ҷой сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ин шумора 3 ҳазору 564 ҷой ба вилояти Хатлон, 950 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 568 ҷой ба вилояти Суғд ва 560 ҷой ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Дар соҳаи тандурустӣ низ барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ дармонгоҳҳо барои 525 ҷойи қабули беморон дар як баст сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон барои 429 ҷой, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои 60 ҷой ва ВМКБ барои 36 ҷойи қабул дар як баст иқтидори нави хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ ва тандурустӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 идомаи корҳои созандагӣ дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоии кишварро инъикос менамояд. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба ин соҳаҳо ва татбиқи тадбирҳои созандагӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсилу табобат, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад.
0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026 МУАССИСАҲОИ НАВИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД”