17.02.26
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, соҳаи нақлиёт ҳамчун яке аз самтҳои асосии иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста ба масъалаи рушди инфрасохтори нақлиёт диққати махсус медиҳанд ва онро ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ менамоянд.
Бино ба андешаи Бахтовар Давлатзода, устоди ДДМИТ – инфрасохтори нақлиётӣ заминаи асосии фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисод – саноат, кишоварзӣ, савдо, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Бе роҳҳои муосир, нақлиёти боэътимод ва шабакаи самараноки логистикӣ рушди устувори иқтисодӣ ғайриимкон аст.
Инфрасохтори нақлиёт маҷмуи роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ, пулҳо, нақбҳо, терминалҳо ва дигар иншооти марбут ба ҳаракати молу мусофиронро дар бар мегирад. Ин соҳа на танҳо воситаи интиқол, балки омили фаъолсозандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид мешавад, ки рушди инфрасохтори нақлиёт барои кишварҳои кӯҳистон, аз ҷумла Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва шароити табиӣ, бунёди роҳҳои замонавӣ ва бартараф намудани бунбасти коммуникатсионӣ яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2025 бо ҳамаи намуди нақлиёт 154 миллиону 833,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2024 15,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 бо нақлиёти роҳи оҳан (бо назардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ) 7,4 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2024-ум 10,9 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 147 миллиону 391,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 95,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2024 15,4 фоиз зиёд шудааст.
Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар соли 2025 дар ҳаҷми 16361,8 млн. т.км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 16,3 фоиз зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 гардиши бори нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва инчунин бо нақлиёти автомобилии соҳибкорон, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 15984,7 млн. т. км.- ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2024-ум 16,3 фоиз зиёд мебошад.
0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 15,2 ФОИЗ АФЗУДААСТ”